نشرات زنده
فارسی English عربي
47
-
الف
+

Интихоби аввал — оғози як достони пурмоҷаро

Як хостгории одӣ ба силсилаи воқеаҳои ғайричашмдошт табдил меёбад. Сериали мазҳакавию иҷтимоии «Интихоби аввал» аз имрӯз дар «Айфилм 2» пахш мешавад

Баъзан як хостгорӣ метавонад оғози силсилаи воқеаҳои ғайричашмдошт шавад. Сериали мазҳакавию иҷтимоии «Интихоби аввал» саргузашти ҷавоне бо номи Масъудро ба тасвир мекашад, ки барои хостгорӣ ба хонаи як оилаи табиб меравад, аммо ин мулоқоти одии хонаводагӣ ба як моҷарои бузург табдил меёбад.

Дар идомаи достон, масъалаи интихоби ҳамсар на танҳо барои ду ҷавон, балки барои волидон ва дигар аъзои оила низ ба як масъалаи муҳим табдил мешавад.

Дар ин сериал ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Акбар Абдӣ, Маҷид Муаззафарӣ, Лола Искандарӣ, Афшин Ҳошимӣ ва Марям Амирҷалолӣ нақш офаридаанд.

«Интихоби аввал» аз имрӯз, 3 октябр, ҳамарӯз соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе аз Айфилм2 пахш мешавад ва ҷойгузини сериали «Шамъдонӣ» мегардад.

نظر شما
ارسال نظر